БУНЁДКОРИҲО ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арзу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Вобаста ба гуфаҳои боло ва бо истифода ва имкониятҳои дар дастдошта маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва АВО баҳри ободӣ ва таъмиру тармими муассисаҳо саҳмгузор мебошанд. Бо ибрози гуфтаҳои боло аз ҳисоби АВО деворҳои гирду атрофи муассисаи таълимии №33-и ноҳияи Восеъ азнавсозӣ карда шуда кор дар ин самт идома дорад. Саҳми АВО дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ бисёр назаррас мебошад.

Имрӯзҳо масъулияти падару модар нисбат ба мактабу маориф бештар гардида,  дар самти корҳои ободонӣ ва расонидани кӯмак бетараф нестанд.