Ташаббуси ҳизбӣ бо мақсади ободии муассисаи амалӣ мегардад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ташаббусҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро пайваста миёни қишрҳои гунонгуни аҳолӣ ташвиқу тарғиб менамоянд.Дар Муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии №4-и ноҳияи Восеъ дар доираи ташаббуси “Мактаби ман” корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо кӯмаки АВО ва заҳмати омӯзгорону кормандони техникии муассиса ҳамарӯза идома дорад. То имрӯз дар муассисаи номбурда, беш аз 150 метр атрофи замини муассиса девори бетонӣ сохта шудааст ва корҳо дар ин самт то ба ҳол идома дорад. Бояд қайд намоем, ки ин ҳама ободкориҳову созандагиҳо дар натиҷаи беҳтар ба роҳ мондани ҳамкории муассиса бо падару модарон, шахсони саховатпеша ва собиқ хатмкунандагон мебошад.