КОРМАНДОНИ МАСЪУЛИ ҲИЗБӢ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ САҲМГУЗОРАНД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақша-чорабиниҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ, ободу зебо гардонидани як гӯшаи ноҳия, бо маром ҷараён дорад. Бояд ёдовар шуд, ки ҳамвора корҳои ободониву хуррамгардонӣ, гулзорнамоию асфалтпӯшкунӣ, рангу бори кӯчаҳо ва дигар тадбирҳои зарурӣ дар рушду пешрафти ноҳия роҳандозӣ гардида истодааст.Бо ин мақсад кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар назди “Гӯшаи Сабз”-и бунёдкардаашон, ки воқеъ дар ҷамоати деҳоти Тугарак  аст,  ҳашари тозакориро роҳандозӣ намуданд. Тазаккур бояд дод, ки масири ободонӣ дар ин самт бо маром идома дорад.