БАРГУЗОРИИ "СОАТИ СИЁСӢ"

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Восеъ Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар "Соати сиёсӣ" хонандагон иштироки фаъолона доштанд ва ба онҳо дар мавзӯҳои зерин суҳбат гузаронида шуд:

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ";

2. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ шараф аст.  

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Сафаралӣ дар бораи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон шараф аст баромад намуда, хонандагонро барои дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, омӯхтани касбу кор ва саҳм гузоштан дар ободиву зебогии диёр ҳидоят намуд.