Ҳашари ободонӣ дар деҳот

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ яке аз амалҳои нек аст. Сокинони ноҳияи Восеъ баҳри ободии ноҳия ҳамарӯза дастаҷамъона ҳашарҳои ободони ву созандагиро роҳандозӣ намуда, саҳми худро дар шукуфоии як гӯшаи диёр гузошта истодаанд.Сокинони деҳаи Ибрат, ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ, рӯзи якшанбе, 27 уми январ, тариқи як ҳашари дастаҷамъона, роҳои маҳаллиро сангфарш ва ҳамзамон тахту ҳамвор намуданд. Ин деҳа, ба деҳаи Ибрат дохил аст, онро сокинон шашхона ном мебаранд. Шашхона, имрӯз се сад хоҷаги дорад. Сокинон мақсад доранд, ки деҳаашонро Раҳмонобод номгузори намоянд. Айни замон, дар ин деҳа сохтмони мактаб идома дошта, барои маркази сохтмони духтурхона қитъаи замин ҷудо гаштааст.