САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲО

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигию президентӣ, сокинони меҳнатқарини ноҳияи Восеъ сармашқи кори худ намуда, ҳар як ваҷаби заминро самаранок ва оқилона истифода намуда истодаанд.Вобаста ба ин масъулони муассисаи таълимии №15-и ноҳияи Восеъ замини назди муассисавиро самаранок истифода намуда, бо мақсади саҳм гузоштан дар сарсабзиву зебогии муассиса ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи арча шинониданд. Бояд қайд намуд, ки масъулини муассисаи номбурда, ҳатто як ваҷаб замини муассиро бекор намонда, ба ғайр аз дарахтони сояафкан, боз дарахтони мевадиҳанда, картошка, турб, сабзӣ, глҳои гуногуни ороишӣ низ шинонидаанд, ки ин аз масъулияти баланди шаҳрвандӣ огаҳи медиҳад.