Хурду бузург дар сарсабзии ноҳия саҳм мегузоранд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар партави сиёсати ободкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷараёни корҳои ободонӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Восеъ вусъати тоза гирифта, аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар сарсабзу хуррамгардонӣ саҳми хешро гузошта истодаанд. Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҷамоати деҳоти Тугарак сокинон дар назди хонаҳои истиқоматиашон дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинониданд. Бояд қайд намоем, дар ин ҳашар кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ низ иштирок намуда, дар ин амали нек саҳми хешро гузоштанд. Тоза нигоҳ доштани муҳити атроф,саҳм гузоштан дар зебогиву шукуфоии он  аз маданияти баланди сокинон шаҳодат медиҳад. Мардуми сарбаланди ноҳияи Восеъ низ дар қатори дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар чунин иқдомҳои нек фаъолона иштирок намуда, баҳри хуррамиву зебогии ноҳия ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми шоён гузошта истодаанд.