Ташабусси ҳизбӣ таҳти унвони “Ин ватанро сарсабзу хуррам мегардонем” роҳандозӣ гардид.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ таҳти унвони “Ин ватанро сарсабзу хуррам мегардонем!” дар шафаати шоҳроҳи Душанбе-Кулоб аксияи ниҳолшинонӣ доир намуданд. Бо ташаббуси ҳизбиён ва ҷалби сокинони деҳаи Тугарак дар даромадгоҳ ва деҳоти Тугарак бо мақсади ин мавзеъро ба гӯшаи сабз табдил додан, ба корҳои кабудизоркунии ин мавзеъи шоҳроҳ шуруъ карданд. Бо ташаббуси ҳизбиён ин ҷо зиёда аз 100 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида, иттилооъ доданд, ки дар оянда парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳоро таҳти назорати ҳамешагии худ қарор медиҳанд.Бояд қайд намоем, ки яке аз ташаббусҳои ҳизбӣ ин сабзу хуррамгардонӣ ҳар як деҳаву маҳалла мебошад. Дар ин бобат ҳамаи ҳизбиён якдилона фаъолият намуда, дар рӯзҳои истироҳати саҳми худро дар чунин  корҳои хайр гузошта истодаанд.