Баргузории ҳашари дастаҷамонаи ниҳолшинонӣ бо иштироки хонандагон ва омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар МТМУ №43-и ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Восеъ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ корҳои бунёдкорию созандагӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ вусъат бахшида, барои ободу зебо гардонидани ҳар як деҳа, маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш андешида шуда истодааст. Инак дар муассисаи таълимии №43-и ноҳияи Восеъ низ аз ҷониби омӯзгорону хонандагон ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки ҳашарчиён дар боз ҳам хуррамтару зеботар гаридани муассисаи таълимӣ саҳми муносиби хешро гузоштанд.