Хуррамгардонии як гӯшаи диёр аз ҷониби аъзоёни фаъоли ҲХДТ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тозагии мухит кори дастачамъона аст. Маорифчиёни нохияи Восеъ бо максади тоза нигох доштани муҳит ва кабудизор намудани шафати роҳравҳо дар ҳашари ноҳиявӣ иштирок варзида зиёда аз чорсад нихолхои сояафкан ва мевадиханда шинониданд. Дар ин амали нек мудири маорифи ноҳия Орифзода М., муовини раиси ноҳия Гулмуродзода Б. ва дигар аъзоёни ҲХДТ фаъолона иштирок намуда, баҳри сарсабзиву хуррамии ноҳия саҳми арзандае гузоштанд. Сокинони меҳнатдӯст ва ободкори ноҳия саҳм гузоштан дар сарзабзиву хураммиии ноҳияро мароми ҳамешагии худ меҳисобанд ва чунин иқдомҳои некро  дар ҳудуди ноҳия минбаъд низ идома медиҳанд.