Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ вусъати тоза касб намуда истодааст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ин аст, ки санаи 20.01.2024 дар назди бинои ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи маориф”-и ноҳия ва муассисаҳои таълимии ноҳия ҳашари дастаҷамъона доир гардид. Дар ин ҳашар дар назди бинои шуъбаи маориф раиси ноҳия муҳтарам Шарифзода Ҷ.Р. ва мудири шуъбаи маориф Орифзода М. иштирок намуд. Раиси ноҳия ташкили чунин ҳашарҳоро иқдоми хеле хуб унвон намуд. Дар назди бинои шуъбаи маориф дарахтони ороишии нодир ва гулу гулбуттаҳо шинонида шуд.Чунин ҳашарҳои дастаҷамъона дар муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардида зиёда аз 2 550 дарахтони ороишӣ, мевадиҳанда ва зиёда аз 1000 гулҳои ҳархела шинонида шуд. Раиси ноҳия шахсан дар ҳашарҳои дастаҷамъонаи муассисаҳои таълимии №61,53 ва №11 иштирок намуда, саҳми худро дар сарсабзии ноҳия гузошт. Чунин ҳашарҳои дастаҷамъона ва корҳои ободонӣ минбаъд ҳам дар ноҳия баҳри зебогиву шукуфоӣ идома хоҳад ёфт.