ПАЁМ-РОҲНАМО БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ҶАВОНОН

Восеъ: Созандагони ватан  

Бо иштироки роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Восеъ Шодибеги Идӣ дар МТМУ №10-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” оиди шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси олии кишвар вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулини ҳизбӣ қайд намуданд, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсола чун ҳамешагӣ ҷавононро ояндаи давлату миллат ва қувваи пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ намуданд, ки ин нишонаи таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон мебошад. Бинобар ин ҳар як ҷавони бо нангу номусро зарур аст, ки ташаббускори амалҳои созанда бошем, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, зийракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва амнияти давлат доимо омода бошем ва барои рушду нумӯи кишвари азиз бо дониши хубу аъло саъю кӯшиш намоем.