Кӯмак ва дастгирии эҳтиёҷмандон амали хайр аст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Барои ҳалли мушкилотҳои оиладорӣ ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ шаҳрвандони эҳтиёҷманд муроҷиат менамоянд. Мутасадиёни Кумитаи иҷроия дар ҳамкорӣ ва ҷалби шахсони саховатпеша мувофиқи имконияти мавҷудаашон ба шахсони муроҷиатнамуда кӯмак менамоянд.  Дар ин самт аз ҷониби соҳибкорон ва дигар нафарони имкониятдошта кӯмакҳои гуногун расонида мешавад. Аз натиҷаи расонидани чунин кӯмакҳо Кумитаи иҷроия дар сомонаҳои иҷтимоӣ маводи иттилооти гузошта собит месозад, ки шаҳрвандони мо зери парчами ягонаи давлатдорӣ баҳри дастгирии ҳамдигар худро бетараф нагузошта, дастур ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ менамоянд.

Ин кӯмаки навбатӣ аз ҳисоби шахси саховатпеша вакили ноҳиявӣ-Азизов С. ба зани солхӯрдаи эҳтиёҷманд амали карда шуд, ки кӯмак аз ҷониби Мирзоев Сафаралӣ – муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ супорида шуд. Боиси зикр аст, ки аз ҷониби ин вакили хайрхоҳи мардуми чунин дастгириҳо пайваста амали карда мешавад.