Омӯзгорон низ ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода менамоянд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар қатори дигар сокинон омӯзгорон низ саҳми муносиб гузошта истодаанд. Омӯзгорони муассисаи таълимии №15-и ноҳияи Восеъ дар заминҳои назди муассиса ниҳоли дарахти олучаро шинониданд. Роҳбари муассисаи мазкур ин амалро барои насли наврас намунаи ибрат ва омили дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини аҷдодӣ маънидод карданд.Зимни боздид аз ниҳолҳои шинонидашуда Мирзоев Сафаралӣ-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иброз дошт, ки ҳар яки моро зарур аст, то барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ба роҳ монем ва ба хотири наҷоти табиат ва инсоният корҳои назаррасеро ба анҷом расонем. Шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгаштҳо, ба авзои экологӣ таъсири амиқи худро гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.