ҲИЗБИЁНИ ВОСЕЪ ДАР ХУРРАМГАРДОНИИ НОҲИЯ САҲМГУЗОРАНД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ниҳолшинонӣ дар раванди ободсозиҳои рӯзмарра яке аз омилҳои нек ба шумор меравад. Бо истифода аз обу ҳавои мусоид дар шоҳроҳи Восеъ - Ховалинг бо роҳбарии раиси ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ Хоҷаев Ҳошим маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор карда шуд.Дар рафти маъракаи мазкур раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед ва сокинони меҳанпарасти ноҳия  иштирок намуданд. Ногуфта намонад, ки дар ин ҳашари дастаҷамъона зиёда аз 1000 бех дарахтони ҳамешабзи  арча ва ниҳолҳои мевадиҳанда дар ду тарафи шоҳроҳ шинонда шуд, ки ҳусни дигаре ба ин макон зам намуданд. Дар ин баробар бо зиёд намудани дарахтони сабзу ҳамешасабз метавонем, ки дар ҳифзи муҳити атрофи ва нигоҳдошти атмосфера ҳисссагузор бошем. Чунин корҳои созандагию бунёдкорӣ мунтазам аз ҷониби ҳизбиёни Восеъ идома хоҳад ёфт.