Фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар соли 2023 хуб арзёбӣ гардид.

Восеъ: Ҳисобот  

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии "Дандонпизишк", “Эмтаъминкунӣ” ва “Ташаккули Тарзи Ҳаёти Солим”-и ноҳияи Восеъ  маҷлис оиди ҷамбасти фаъолият дар соли 2023 доир гардид. Дар маҷлиси мазкур масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни ташкилотҳои номбурда  иштирок намуданд.Дар кори маҷлис ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии болозикр оид ба  фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давоми соли 2023 шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Зимни суханронӣ намояндаи Кумита фаъолияти ташкилотҳои болозикрро дар соли 2023 қаноатбахш ҳисобида, ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи корӣ барои соли 2024 тавсияҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин аснои суханронӣ атрофи мавзӯҳои ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии майли ҷавонон аз ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дигар мавзӯҳои рӯзмарра ибрози андеша намуда, изҳор доштанд, ки моро лозим аст, ки барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеод дастаҷамъона талош намуда, дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат баҳри пойдории сулҳу осоиштагии кишвар ва пешрафту тараққиёти он камари ҳиммат бубандем.