Дар ТИ «ВНМО»-и ноҳияи Восеъ маҷлиси ҷамъбасти солона баргузор гардид.

Восеъ: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "ВНМО"-и ноҳияи Восеъ  маҷлис оиди ҷамбасти фаъолият дар соли 2023 доир гардид. Дар маҷлиси мазкур Мирзоева Гулрухсор-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, Иботов Диловар –мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳия, роҳбари ташкилоти ибтидоӣ ва аъзоёни ташкилоти мазкур  иштирок ва суханронӣ  намуданд.Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ВНМО" оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024  шунида шуд. Маҷлиси ҷамъбасти солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фарогири мавзуҳои рўзмарра, аз ҷумла масъалаҳои зерин мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуд:

 1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолияти ҳизбӣ дар   давоми соли 2023 ва нақшаҳо барои оянда;  

2.   Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ  барои соли 2024

3. Тасдиқи нақша-чорабиниҳо оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”

4.  Тасдиқи қарорҳои ташкилоти ибтидоӣ;

5.   Масъалаҳои ҷорӣ

Масъалаҳои дар рӯзномабуда баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.