Деҳаамонро сарсабзу хуррам мегардонем.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кабудзоркунӣ, шинондани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани ҳудуди ноҳия ба ҳукми анъанаи сокинони меҳнатдӯсту меҳанпарасти ноҳияи Восеъ гардидааст, ки пайваста кӯшиш менамоянд баҳри ободӣ ва зебогии диёр саҳми хешро гузоранд. Бо ташаббуси раиси ноҳияи Восеъ -Шарифзода Ҷамшед Раҳмон ва иқддоми неки Хоҷаев Ҳошим -раиси ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр  Раҷабов бо ҳамроҳии сахопешагони чамоати мазкур дар шоҳроҳи Восеъ - Гулистон ба шинондани дарахтон камари ҳиммат бастанд. Ногуфта намонад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳолпарварони хоҷагии ҷамоати болозикр пешсафтарин хоҷагии ниҳолпарварӣ мебошад. Ҳар сол ниҳолпарварон садҳо ниҳол баҳри зиннатфизои дарахтони ҳусноро ва мевадиҳанда дар ҷойҳои маданиву маишӣ мешинонанд.