Аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар таъмири кӯпрук саҳм гузоштанд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва инчунин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ,  аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “МНДРА-ДЭУ” кӯпуки деҳаи Саъдуллои Шарифи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъро таъмир ва рангубор намуданд.Бояд қайд намуд, ки раиси ташкилоти ибтидоии “МНДРА-ДЭУ” ҳамчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳиявӣ буда, доимо дар корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои амалҳои хайр саҳмгузорӣ менамояд.