Омӯзгорон дар таъмиру бозсозии синфхонаҳо саҳми босазои хешро мегузоранд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвоимуаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арзу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.Вобаста ба гуфтаҳои боло  ва бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоиди таълим барои хонандагон  ҳашари дастаҷамъонаи омӯзгорони ташкилоти ибтидоии “Литсейи давлатии №1”-и ноҳияи Восеъ баҳри таъмиру бозсозии озмоишгоҳи физика дар давраи таътили зимистона баргузор гардида истодааст.  Бо муҳайё намудани синфхонаҳои иловагӣ ва чунин озмоишгоҳҳо ҳисси зебоипарастии насли наврас, инчунин шавқу рағбат нисбат ба фанҳои дақиқ низ зиёд карда мешавад, ки ин ҳам як навъ таъсиррасонӣ дар тарбияи шогирдон мебошад.