Баргузории соати сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таълимии №17-и ноҳияи Восеъ бо иштироки Шодибеки Идӣ-мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва омӯзгори ботаҷриба миёни хонандагони синфҳои болоӣ вобаста ба ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон, тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди мазмун ва мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, доир ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани 2-3 ҳосил аз он, захираи маводи кофии ғизоӣ барои давраи зимистон, инчунин оиди ташаббуси 5-уми Пешвои муаззами миллат дар бораи “Ҳифзи пиряхҳо” ва оид ба баромадҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ, минбари Созмони Миллали Муттаҳид, Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ташкил ва баргузор карда шуд.