Соатҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии дурдастарин ҷараён дорад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №2”-и ҷамоати деҳоти Мирали Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон “Соати сиёсӣ” бо иштироки омӯзгорони ботаҷриба бо истифода аз таҷҳизотҳои муосир ташкил ва гузаронида шуд. Зимнан қайд гардид, ки маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи калидӣ ва аввалиндараҷаро касб намуда, роҳбари олии мамлакат ба ин қишри ҷомеа эътимоду боварии беандоза дорад. Барои он, ки ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, соатҳои сиёсӣ дар ин амали муштараки саривақтии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Раёсати маорифи вилоят саҳми созгор доранд.