СОАТИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №45 БАРГУЗОР ГАРДИД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ ва намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар МТМУ 45- и ноҳия соати сиёсӣ баргузор гардид. Нотиқон зимни соати сиёсӣ баромад намуда оид ба ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, ташаббусҳои созандаи ҲХДТ, сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша карданд.Зимни суханрони масъулин оиди масъалаҳои мубрам аз қабили пеши роҳи ҳамагуна амалҳои номатлубро гирифтан, ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбият намудан, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, дастгирӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», риояи қонун дар бораи “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, оиди ташаббуси 5-уми Пешвои миллат дар бораи  “Ҳифзи пиряхҳо”  ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд.