Корҳои сохтмонии боз як иншооти гигиенӣ бо усули дренажӣ дар ҳоли анҷомёбист.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва иҷрои бандҳои нақшаи корӣ сокинони деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти  Тугараки ноҳияи Восеъ лоиҳаи пешниҳод намудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро вобаста ба сохтани иншооти гигенӣ бо усули дренажӣ дастгирӣ намуда, бо ташаббуси аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар назди МТМУ №12-и деҳаи мазкур сохтмони як иншооти гигиении замонавӣ бо усули дренажӣ оғоз гардида корҳо дар ин самт ҷараён дорад.Бояд қайд намоем, ки мавҷуд будани чунин як иншооти гигиенӣ хатари сироятёбӣ ба ҳар гуна бемориҳоро кам менамояд ва ба ин хотир ин ташаббус аз ҷониби сокинон хуб пазируфта шуда, онҳо дар назди худ мақсад гузоштанд, ки чунин иншоотҳои гигиениро дар манзилҳои истиқоматиашон бунёд намоянд. Мутасаддиёни КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади ташвиқу тарғиби барнома ва нақшаҳои ҳизб миёни шаҳрвандон корҳои тарғиботиву ташвиқотиро амалӣ намуда истодаанд.