Аёдати собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша чорабиниҳо бахшида ба 29-солагии таъсисёбии ҲХДТ таҳти унвони “Ҳафтаи ҲХДТ” аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ, ҷиҳати расонидани табрикоти Роҳбарияти Олии ҲХДТ, аёдати собиқадорони ҳизб ба роҳ монда шуд.

Сафаров Қурбон-собиқадори ҲХДТ-ро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза, мудири шуъбаи занон ва кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шодибеги Идӣ ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Гулрухсор Мирзоева аёдат намуда, аз ҳолу аҳволи ин шахс бархурдор гардида, табрикоти Роҳбарияти Олии ҲХДТ-ро расониданд. Дар навбати худ Сафаров Қурбон барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, барои рушду пешрафт ва фардои дурахшони Тоҷикистони биҳиштосо даст ба дуо бардоштанд.