Майдончаи нави бозии футбол мавриди истифода қарор гирифт.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастгири аз сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ин замина ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим бо иқдоми чанд тан аз ҷавонмардони маҳалла дар маҳаллаи ба номи С. Ҷумаев собиқ кӯчаи ба номи Пушкин ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ як майдончаи хурди варзишӣ барои наврасону ҷавонон мавриди истифода қарор дода шуд. Дар рӯзи аввали мавриди истифода қарор гирифтани майдончаи варзишӣ миёни наврасони маҳаллаи болозикр мусобиқаи футбол гузаронида шуд, ки онҳодар мусобиқаи баргузоргардида хеле фаъолона иштирок намуданд. Бояд қайд намоем, ки акнун дар майдончаи варзиши кӯдакон, наврасон ва ҷавонон имкон доранд, тарзи ҳаёти солимро пеш бурда ба машқу тамрин машғул гарданд.