Саҳми вакили ноҳиявӣ дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ назаррас аст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо бо дастгириву ғамхориҳои  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти илму маориф такони ҷиддӣ дода шуда, шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ  беҳтар карда шуда, бо технологияи муосир таъмин гардонида шуданд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо  устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ  вазифаи муқаддаси хешро  шарафмандона ба иҷро расонида, дар амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ  ва куллан беҳтар намудани сатҳ ва сифати дониши донишҷӯён  саҳми худро гузошта истодаанд.

Дар радифи омӯзгорон вакилони маорифпарвар низ дар муҳайё сохтани шароити хуби таҳсил саҳми муносиби худро гузошта истодаанд. Дар муассисаи таълимии №64-и ноҳияи Восеъ бунёди синфхонаҳои иловагӣ ҷараён дорад ва дар бунёди ин иншоот саҳми вакили ноҳиявӣ Азизов Саймухтор назаррас аст. Ин вакили мардуми аз ҳисоби худ масолеҳҳои сохтмониро харидорӣ намуд. Ин иқдоми вакил дар пайрави аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад ва чунин иқдомҳо аз ҷониби ин марди саховатпеша дар оянда низ идома хоҳад дошт.