Сокинон дар мумфаршкунии роҳҳои деҳаҳо саҳм мегузоранд

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини зиндагии шоистаи мардум, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо дар деҳаи Шобикаи ҷамоати деҳоти Тугараки  ноҳияи Восеъ ҷараён дорад. Кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз рафти корҳои мумфаршкунӣ аз наздик дидан намуданд. Бояд қайд намоем, ки мумфаршкунии роҳҳои деҳаи номбурда аз ҷониби сокинони меҳнатдӯсту ватандӯсти деҳаи Шобика роҳандозӣ  карда шуда, корҳо дар ин самт то ба ҳол ҷараён дорад.