Қадршиносии омӯзгорони собиқадор

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аёдати собиқадорон ва нафароне, ки дар соҳаи маориф заҳмати арзанда кардаанд, дар меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта дар ин самт пайваста иқдоми шоиста роҳандозӣ мегардад. Бахшида ба рӯзи омӯзгорон ва бо мақсади эҳтиром гузоштан ба заҳматҳои шабонарӯзии омӯзгорон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ ба аёдати Назарова Файзинисо собиқадори соҳаи маориф рафтанд. Сафар Ҳафиза муаллимаи азизро бо фарорасии иди касбиашон  табрик карда, баҳрашон даврони пурсаодати пириро орзу намуда, зикр намуданд, ки омӯзгорон  хазинаи тилоӣ ва гавҳари  гаронбаҳоянд. Дар рафти вохӯрӣ омӯзгор  аз ҳаёту фаъолияти кории худ, дастовардҳои худ, суҳбатҳо ороста, аз заҳматҳои шабонарӯзии омӯзгорон баҳри тарбияи насли наврасу ҷавони миллат, ҳамчун панди зиндагӣ  мисолҳо оварданд. Зимни аёдат Назарова Файзинисо аз ташрифи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза болидахотиру фараҳманд шуда, дар ҳаққи сарвари давлат- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда "Маорифро омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат донистаанд" дуои нек карданд. Ҳамчунин иброз намуданд, ки шукуфоии миллат аз арҷгузории омӯзгор ибтидо мегирад.