Дар арафаи иди Саиди Фитр шод кардани рӯҳи гузаштагон амали хайр аст

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои нақшаи муштараки амалиёти умуминоҳиявӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” тибқи нақша дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистон гузаронида шуд.

Дар амалиёти мазкур зиёда аз 340 нафар сокинони деҳаи номбурда, имомхатиб, раиси маҳалла, вакили Маҷлиси ҷамоат, кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва ҷавонон фаъолона иштирок намуданд. Ҳамзамон дар амалиёти мазкур иштирокдорон дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр намуда, дохили оромгоҳро аз партовҳо ва хасу хошокҳо тоза намуда, бехи дарахтонро нарм карданд. Моҳи Рамазон моҳи муборак аст ва дар ин моҳ ба хотир овардани гузаштагон, шод кардани рӯҳи онҳо, дуо кардан амали хайр ба шумор меравад ва ин Аксия низ иқдоми саривақтӣ буда, дар оянда низ дастаҷамъона дар ин амалиёт саҳми худро мегузорем, иброз намуд имомхатиби деҳаи Гулистон.