ОБОД НАМУДАНИ КӮЧА ИН ОБОД НАМУДАНИ ВАТАН АСТ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Восеъ корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ вусъати тоза дорад. Дар доираи ин ташаббусҳо дар деҳаи Заркорони ноҳияи Восеъ бо ташаббуси сокинони маҳалла роҳҳои байни деҳаи номбурда то муассисаи таълимии №65-и ҳамин деҳа мумфарш карда шуданд.Бояд қайд намоем, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум, инчунин фаъол гардидани сокинон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда, дуруст роҳандозӣ кардани корҳои хайру сахо, ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ роҳандозӣ карда мешавад.