Ҷараёни корҳои созандагӣ дар муасисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барои ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои ноҳия, гулгашту майдонҳо ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар муассисаи таълимии №34-и деҳаи Селбури ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳдалиеви ноҳияи Восеъ ҳашари дастаҷамъона бо иштироки мудири шуъбаи маорифи ноҳия Солеҳзода Рустам, директорони муассисаҳои таълимии номбурда ва сокинони меҳнатдӯст баргузор гардид. Дар ҳашари дастаҷамъона кормандони соҳа барои бунёд намудани варзишгоҳи ин муассиса ҳиссагузорӣ намуда корҳои бетонрезӣ ( бардиюр), тахту ҳамворкунӣ ва дигар корҳои ободониро иҷро намуданд. Кор дар ин самт то ба ҳол ҷараён дорад..