Мумфаршкунии роҳҳо далолат аз файзу баракати Истиқлол аст

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар тамоми гӯшаю канори кишвари соҳибистиқлоламон корҳои ободонию бунёдкорӣ бо маром идома ёфта истодааст. Инчунин дар ноҳияи Восеъ низ бо иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагӣ ҷараён дорад.Бо мақсади обод намудани як гӯшаи меҳани худ бо истифода аз ҳавои мусоид шахсони саховатпеша мумфаршкунии роҳҳои байни деҳаҳои ноҳияи Восеъро идома дода истодаанд. Бо саҳмгузории сокинони савобҷӯй ва ободкор дар деҳаи Шобикаи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия корҳои азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои дохили деҳа ҷараён дорад. Ин тадбири муҳиму созанда, ки аз дастуру ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, бо ибтикори сокинони савобҷӯи деҳаи номбурда роҳандозӣ гардида истодааст. Бояд қайд намоем, ки ин иқдом яке аз амалҳои хайр ба шумор рафта сокинон ҳамаи ин пешравиҳо, рафоқату иттифоқро аз файзу баракати Истиқлол арзёбӣ намуданд.