Корҳои созандагӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Восеъ корҳои созандагиву ободкорӣ бо маром идома доранд. Ва ин шаҳодати он аст, ки сокинони меҳандӯсту ободкор, хайрхоҳу ватанпарвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷиби созандагиро пешаи худ намудаанд. Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ кӯчаи А.Мирзоеви ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия сангфарш ва бетонпуш (стяшка) карда шуда корҳои ободонию созандагӣ дар ин самт то ба ҳол ҷараён дорад. Ба иттилоои масъулин дар рӯзҳои наздик корҳои созандагӣ дар ин ҷо ба охир расида, баҳри истифодаи сокинон қарор хоҳад гирифт.