Ободонӣ ва шукуфоии Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва имонии ҳар соҳибватан

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Дар ин замина аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ноҳияи Восеъ низ дар корҳои ободонию созандагии ноҳия саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Дар ин навбат дар МТМУ №34-и ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашнҳои миллӣ ва ободу зебо гардонидани гӯшаҳое аз кишвар бо маром идома дорад. Сокинони меҳнатдӯсту савобҷӯи ноҳия барои бунёди майдончаи варзишии замонавӣ барои хонандагон камари ҳиммат бастанд ва корҳо дар ин самт оғоз гардида, бо маром идома дорад.