Қадршиносии собиқадор

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади таблиғу ташвиқи шахсиятҳое, ки дар рушди маҳал саҳм мегузоранд, КИ ҲХДТ мунтазам ин зумра нафаронро қадршиносӣ намуда, барои дигарон намунаи ибрат меҳисобад.  Одинаев Нурулло духтури Маркази саломатии деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ, ки новобаста аз реҷаи корӣ ба табобат ва муолиҷаи шаҳрвандон мунтазам машғул аст, миёни кормандон ва фаъолони деҳа бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ қадрдонӣ карда шуд.Ҳангоми қадршиносӣ раисони маҳалла, раиси шӯрои собиқадорони ҷамоат низ иштирок карда, хизматҳои арзандаи ӯро дар беҳдошти тандурустии шаҳрвандон қайд намуданд. Бояд зикр кард, ки Одинаев Нурулло дар маҳал бо ҳар як сокин рафтори хуб дошта, дар доираи одоб сӯҳбат мекунад. Маҳз хислати неки инсонии ӯ боис гардид, ки ӯро дар сатҳи маҳал ҳамагон иззату эҳтиром менамоянд.