Корҳои насб намудани шиору овезаҳо бахшида ба 32-солгарди Истиқлоли давлатӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои нақшаи тақвимии чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба  истиқболи ҷашни умумимиллӣ 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоту идораҳо, муассисаву корхонаҳо, гулгашт ва хиёбонҳо шиору овезаҳои тараннумгари ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ насб гардиданд. Бояд қайд намоем, ки ҳамасола ҳамаи ҷашнҳои таърихӣ дар ноҳияи Восеъ дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифта мешавад. Ва ҳоло қариб дар тамоми ташкилоту муассисаву корхонаҳо шиору овезаҳо вобаста ба арзиш ва фазилати истиқлоли давлатӣ насб карда шудаанд.