Аёдати собиқадарон амали хайр аст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 07.09.2023 дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Мирзоева Шарофат ба аёдати Иброҳимова Зулхумор яке аз омӯзгоре. ки зиёда аз 50 соли умри худро дар таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст аёдат намуданд.Зимни сӯҳбат муаллимаи азиз Иброҳимова Зулхумор шукрона аз тинҷиву осудагӣ, шукрона аз сулҳу ваҳдат, шукронаи истиқлоли кишвар намуда, миннатдории хешро ба Пешвои маорифпарвару ғамхори кишвар, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон баҳри таваҷҷӯҳи доимӣ,  ғамхориву дастгирии омӯзгорони собиқадор расонида, иброз доштанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат то вақте, ки ҷон дар бадан доранд дар тарбияи насли ватандӯсту меҳанпараст, худогоҳу хештаншинос мекӯшанд.