Роғун –арсаи номусу нанг маҳсуб меёбад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ба ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандон ва таблиғу ташвиқ намудани ҷойҳои кори холӣ, ки музди маоши моҳонаи он зиёда аз 3000 сомониро ташкил медиҳад дар ҷойҳои ҷамъиятӣ Аксияи тақсимоти роҳхат ба ҷои кор дар НБО- Роғун гузаронида шуд.Дар аснои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ нахуст вазифаҳои холӣ ва талаботи тахассусӣ шарҳ дода шуда, шаҳрвандоне, ки ниёз ба кор доранд ба онҳо роҳхат ва рақамҳои телефони ширкатҳои сохтмонию барқарорсозӣ дода шуд. Ҳангоми сӯҳбат ба ҳар як нафар суханони пурмӯҳтавои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сохтмони НБО-Роғун, ки арсаи номусу нанги ҳар як соҳибватан маҳсуб меёбад таъкид гардид.