Ҷараёни сохтмони синфхонаҳои иловагӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Баҳористони ноҳияи Восеъ бунёди синфхонаҳои иловагӣ ҷараён дорад. Албатта бунёди синфхонаҳои иловагӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас мусоидат намуда, хонандагон баъди ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ метавонанд аз он васеъ истифода намоянд. Ҳамзамон ин имкони кам кардани норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи мазкур мегардад ва туҳфаи хубе ба хонандагону омӯзгорони муассиса мебошад. Айни замон дар сохтмони синфхонаҳо сокинони деҳаи номбурда, махсусан омӯзгорони мактаб, саҳми калон гузошта истодаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд.