КОРҲОИ ОБОДОНИВУ ГУЛШИНОНИ БА ИСТИҚБОЛИ 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дастгирии сиёсати ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гулҳои рангоранги ороишӣ дар назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баҳри вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ аз ҷониби командони масъули ҳизбӣ шинонида шуд.Агар хоҳем, ки зиндагии осоишта, рӯзгори обод, фарзандони солимфикру тансиҳат дошта бошем, пас ҳар яки моро лозим меояд, тозакору муҳитпарвар ва бунёдкори хаёти бофароғати хеш бошем. Кормандони Кумита пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ободкориву созандагӣ саҳми назарраси худро гузоранд. Ногуфта намонад, ки тадбири мазкур ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон роҳандози гардид.