Баргузории Аксияи ҳизбӣ аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбии ноҳияи Восеъ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи Маориф”-и ноҳияи Восеъ дар амалисозии аксияи ҳизбӣ, таҳти унвони “Тозагии соҳил-вазифаи мо ҷавонон” бо иштироки мудири маорифи ноҳияи Восеъ Солеҳзода Рустам, аъзоён фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб назаррас буд. Ин амали неку созанда масъулияти ҳар як фарди худшиносу меҳандӯстро баланд бардошта, дар роҳи рушд ва ободӣ саҳми ҳамаҷониба мегузоранд. Ҳар як аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб дар  ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи Маориф” дар тадбиқи аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, ободиву хуррамии диёрро рисолати азалии хеш мепиндоранд.