Баргузории Аксияи тозагӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аксияи тозагӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҷавонони фаъоли ноҳия роҳандозӣ шуд. Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тозагии соҳил-вазифаи мо Ҷавонон”-ро дар канори роҳҳо ҷуйборҳои ноҳияро бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” сокинони меҳнатдӯсту меҳанпараст тозаю озода гардонида шуд. Шумораи зиёди ҷавонон баҳри ободиву зебогии деҳа канори роҳҳоро рӯбучин намуда, аз партову хасу хошок, алафҳои бегона тоза намуданд ва бехҳои дарахтонро нарм намуда, аз хору ҳар гуна алафҳои худрӯй тоза намуданд ва бо ин васила саҳми хешро дар ободии як гӯшаи диёри хеш гузоштанд.