АКСИЯИ "ТОЗАГИИ СОҲИЛ ВАЗИФАИ МО ҶАВОНОН" ДАР АМАЛ ТАТБИҚ ГАРДИД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи Селбури ҷамоати деҳоти ба номи М.МАҳмадалиеви ноҳияи Восеъ бо мақсади иҷро намудани дастур ва супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо иштироки аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан"  аксияи "Тозагии соҳил- вазифаи мо ҷавонон" баргузор карда шуд. Дар аксияи мазкур ҷавонони фаъол, сокинони меҳнатдӯсти деҳаи номбурда иштирок намуда, аз назди соҳил партовҳои сабукро ҷамъоварӣ намуда, хасу хошоки онҷоро тоза намуданд. Бояд тазаккур дод, ки аксияи мазкурро сокинон хуб пазируфтанд ва  тасмим гирифтанд, ки минбаъд дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии таъсисёбии ҲХДТ мунтазам чунин аксияҳои ободониро роҳандозӣ намоянд.