Сохтмони боз як муассисаи таълимӣ оғоз гардид

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мардуми донишпарвару фарҳангии мо мактабсозӣ ва эҳтиром ба илму донишро кори ниҳоят хайру савоб мешуморанд.

Вобаста ба ин бо ташаббус ва иқдомҳои наҷиби соҳибкорони хайрхоҳ дар деҳаи Охҷари ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид.

Бояд қайд намуд, ки муассисаи таълимӣ, ки аз ҷониби шарикони рушд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад,  аз ду ошёна иборат буда, барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст. Инчунин, соҳибкорони саховатманди ноҳия азм доранд, ки дар ин муассисаи таълимӣ саҳми худро низ гузоранд.

Иншооти мазкур аз ҷумлаи ташаббусҳои созандаву ватандӯстона ва туҳфаи арзанда дар ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ ба устодону шогирдон, падару модарон ва сокинони деҳоти Охҷар мебошад.