ОМӮЗГОРОН ДАР ТАЪМИРИ МУАССИСА САҲМИ БОСАЗО ДОРАНД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ таъмиру азнавсозии муассисаҳо ва дохили синфхона бо маром ҷараён дошта, қисме аз муассисаҳо таъмири ҷориро пурра ба итмом расонидаанд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ҷамоати деҳоти ба номи А. Рӯдакии ноҳияи Восеъ низ синфхонаҳо аз нав таъмир гардида, маъмурият ва коллективи омӯзгорону кормандони техникии муассисаи таълимии номбурда дар ин амали хайр саҳми муносиб гузошта истодаанд. Айни замон дар муассиса корҳои рангуборкунӣ ва насби шиору овезаҳо ҷараён дорад.Бояд қайд намуд, ки таъмири синфхонаҳо дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” ва “Мактаби ман” амали гардида, бо кӯмаку маблағгузориҳои асосиатсияи падару модарон ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша ба роҳ монда шудааст.