Омодагӣ ба таҳсил

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 воқеъ дар деҳаи Сулҳобод  байни муассисаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугарак калонтарин аст. Муассиса аз ду бинои таълимӣ иборат буда, ба соли нави таҳсили 2023-2024 пурра омода мебошад. Бо ҷалби қисми кормандони хоҷагӣ синфхонаҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Дар ин муассиса ҷиҳати интихоби дуруст ва бошууронаи касб аз ҷониби роҳбарияти муассиса корҳои судманд роҳандозӣ гардидаанд. Бо ин мақсад дар муассиса кабинаҳои техналогияи касб ташкил шудааст. Ҳамзамон кабинетҳои фанни физика, математика, география бо воситаҳои аёни таҷҳизонида шудаанд. Дар таъмири синфхонаҳо ва таъмири ҷойҳои нишаст шахсони саховатманди деҳа низ кӯмак расониданд.Коллективи омӯзгорони МТМУ №20 дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ намуда, шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва дониши баланди замони муосир тарбия менамоянд. Дар муассиса 70 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 50 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, иброз дошт Ҳафизов Сӯҳроб-директори муассисаи мазкур  зимни сӯҳбат.