ОМОДАГИИ МУАССИСА БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мактаб даргоҳи илму маърифат аст. Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накӯкор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд. Мактаб аст, ки соҳаҳои дигари ҳаёт пойдоранд. Мактаб аст, ки инсонҳо бофазл ба воя мерасанд, мактаб аст, ки фархангу илму адаб, то андозае дар дилҳо ҷосту мардум маърифатдӯст. Омӯзгоронанд, ки дар ҳамаи мактабҳои миёнаву олӣ ва боғчаю муассисаҳои таълимӣ илм омӯхта ҳамаро ба некию накукорӣ ва фархангдӯстӣ даъват мекунанд.Дар баробари ба рост ҳидоят намудани шогирдон, омӯзгорон баҳри дар шароитҳои хуб истиқбол намудани хонандагон дар соли хониши нав, дар зебогиву тозагӣ ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ саҳми муносиби худро гузошта истодаанд. Бахшида ба пешвозгирии оғози соли таҳсили 2023-2024 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-и деҳаи Сулҳободи ноҳияи Восеъ пурра аз таъмир бароварда шуда, ба "Рӯзи Дониш" омода мебошад. Ин ҳама зебогиву ободӣ маҳз бо дасти омӯзгоронӣ меҳрубону ғамхор амалӣ гаштааст, ки шаҳодат аз содиқ будани омӯзгорон ба касби пурифтихори худ мебошад.