Дар ободиву тозагии кӯдакистон саҳм мегузорем.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ояндаи кишвар аз ҳастии кӯдакон аст. Пас муҳайё кардани шароити зарурӣ барои рушди зеҳнию ахлоқӣ ва ҷисмонии кӯдакон вазифаи аввалиндараҷаи насли калонсол аст. Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Баҳористон - Боғчаи №1”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо ҷалбӣ омӯзгорон ва мураббияҳо корҳои ободониву созандагӣ гузаронида шуд. Онҳо даромадгоҳ, саҳни боғча ва гулгашти боғчаро рӯбучин, инчунин тозаву зебо намуда, дар деворҳои дохиливу берунии муассиса шиору овезаҳои диққатҷалбкунанда овезон ва насб карданд.