Корҳои ободонӣ дар деҳаи дурдасти Дарнайчии ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади саҳм гузоштан дар тозагӣ ва зебогии муҳити зист ва бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1-уми сентябр Рӯзи дониш корҳои ободониву зебогардонӣ дар деҳаи дурдасти Дарнайчии ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ роҳандозӣ шуд. Дар ин рӯз муассисаи таълимии №38-и деҳаи номбурда бо иштироки омӯзгорон ва сокинони меҳнатдӯсту меҳанпараст тозаю озода гардонида шуд. Сокинон баҳри ободиву зебогии деҳа ва муассисаи таълимӣ гирду атроф, майдончаҳо, роҳҳоро рӯбучин намуда, аз партову хасу хошок, алафҳои бегона тоза намуданд ва бехҳои дарахтонро нарм намуда, аз хору ҳар гуна алафҳои худрӯй тоза намуданд, инчунин дарвозаву деворҳоро рангубор карда, хасу хошоку партовҳоро ҷамъоварӣ намуда оташ заданд